Чорабиниҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар суди ноҳияи Спитамен
Санаи 29-уми марти соли 2025 дар суди ноҳияи Спитамен ба ифтихори ҷашни байналмиллалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаҳои суди вилояти Суғд, собиқадорони ҳокимияти судӣ, намояндаҳои Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлтии ноҳияи Спитамен ва Ҷамоату шаҳракҳои ноҳия иштирок намуданд.



Дар идомаи чорабинӣ дастархони идонаи наврӯзӣ ороста шуда, дар он занону бонувони ҳунарманд маҳорати худро дар пухтани таомҳои миллӣ, оростани дастархони наврӯзӣ ва риояи расму ойинҳои мардумӣ ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиён бо маҳорати баланд ва завқи зебопарастии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуда, ба ҳозирин фазои идона ва рӯҳияи болида бахшиданд.





Ҳамчунин барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон пешкаши иштирокчиён гардида, суруду таронаҳои дилнишин сароида, таъби ҳамагонро болида гардониданд. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва рӯҳияи баланди идона ба анҷом расид.

Суди ноҳияи Спитамен 
