Санаи 20-уми марти соли 2026 дар ноҳияи Спитамен ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси прокуратураи ноҳияи Спитамен чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин чорабанӣ Раиси суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода З.А., иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Спитамен Ҷӯразода Ҷ. ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муаассисаҳо иштирок намуданд.