Санаи 20 ноябри соли 2025 дар мурофиаи ошкороӣ сайёри судӣ дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев, кучаи Халилова, хонаи №6 парвандаи оилавӣ бо даъвои Раҷабова Дилшода нисбати ҷавобгар Раҷабов Муродҷон оиди эътироф намудани аъзои оилаи молик ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Спитамен Маҳмудзода Фирӯза Маҳкам баррасӣ карда шуд.