30-солагии Истиқлолият
30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар арафаи ҷашни 22-солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Спитамен Нўмонзода Т. ва Раиси Суд Зикирзода Л.Х. роҷеъ ба дастовардҳои ноҳия ва моҳияти ин санаи тақдирсози миллат суҳбат орост.
Имсол барои халқи Тоҷикистон солест, ки пойдевори устувори рушди ҳамаи соҳаҳо, чи дар саноат ва чи аграрӣ гузошта шуда, дар саросари ҷумҳурии азизамон ба ифтихори ҷашни муаззами 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, солҳои 2019-2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида,
дар асоси дастурҳои мушаххаси Пешвои муаззами миллат корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза гирифтаанд. Бовар кунед, вусъати корҳои ободонӣ бесобиқа аст, ки он танҳо аз самараи Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳанд. Мехоҳам, ин пешрафту ин созандагиву ин ободкориҳоро дар мисоли ноҳияи худамон, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистони азизамон мебошад, арзёбӣ намоям.
Мардуми ноҳияи бостониамон, ки имрӯз дар он бештар аз 139 ҳазор аҳолӣ, намояндагони зиёда аз 8 миллатҳо, 5 ҳизбҳои сиёсӣ, дар ҳафт Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҳам чун фарзандони як оила, бародарвор, паҳлу ба паҳлу зиндагии орому осоишта доранд, шукрона аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунанд, ки маҳз туфайли талошу ҷонфидоии ҳамешагиашон имрӯз дар кишварамон чунин фазои орому осоишта ҳукмрон мебошад. Аввалан, бояд бигӯям, аз рӯзҳои нахуст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуданду дар бораи ба Тоҷикистони ба гирдоби фано ғӯтаваршуда овардани сулҳу баргардонидани гурезагонро таъкид карданд, дар қалби мардум нисбат ба худашон як меҳр пайдо карданд ва эҳсос гардид, ки ояндаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ин марди хирад, бешубҳа, дурахшон хоҳад гашт. Бинед, чи қадар ҷонбозиҳо дар роҳи ба даст овардани сулҳ масраф шуд.
Пешвои миллат то ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ борҳо ҷони худро дар хатар монда, барои ба анҷом расонидани музокирот бо намояндагони мухолифин ба минтақаҳои хавфноки давлатҳои дигар, чун Афғонистон рафтанд ва тавонистанд ба он ҳадафҳои гузоштаашон ноил шаванд.
Судяи Суди ноҳия Шамсзода С.А.